zoofirma.ru

Санаи 22.03.2024 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона барпо карда шуд.

Дар чорабинии идона Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази "Тоҷикстандарт" дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок намуданд.

Нахуст, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кулли сокинону меҳмонони шаҳр ва иштирокдорони чорабинии идонаро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ, рўзгори обод, бахту саодат, дастурхони пурфайз ва сари баланду барори кор орзу намуд.

Зикр карда шуд, ки ҷашни Наврўз, ки имрўзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирўзу имрўз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.

Тавассути Истиқлоли давлатӣ, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукўҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврўзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳ ва арзиши бузурги Ҷашни байналмилалии Наврӯз чунин зикр намудаанд: “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст”.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Наврўзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими навбатии ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва хуштарҳу зеботар намудани манзилу макони зист башорат медиҳад. Қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвару худогоҳу ҳимматбаланд тақозо менамояд, ки ақаллан як ниҳол шинонанд, табиатро сарсабзу хуррамтар намоянд, кўчаю хиёбон, ҷойи кор ва гузару маҳалли зисташонро ба тартиб оранд.

Ин амалҳои нек ва садоқатмандона туҳфаи муносибе ба истиқболи дигар идҳои таърихию фарҳангӣ ва омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар мегардад.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳофизони шинохтаи кишвар бо барномаи рангини фарҳангӣ ва сурудҳои дилнишин чорабинии идонаро ҳусни дучанд бахшиданд.