zoofirma.ru

Санаи 17.04.2024 дар толори мактаби санъати шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода суханронӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 №АП-479, қарори Раиси вилоят аз 26.02.2026, №48 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 29.03.2024, №95 озмуни мазкур баргузор гардида истодааст.

Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронида мешавад.

Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ба Озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди оҳангсозон-бастакорон ва рассомони ватанӣ, инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикӣ, беҳтарин мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.

Озмун дар байни 3 гурӯҳ доир мегардад. Дар Озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ,  санъати тасвирӣ ва  дизайн гузаронида мешавад

Дар панҷ номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзуи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт, ободӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра таълиф шудаанд.

Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.

Тибқи қарори Раиси шаҳр ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 102 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Сипас, Бахтиёр Қосимов сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд доир ба тарзи баргузории озмун ва аҳамияти он суханронӣ намуда, баргузории озмуни мазкурро ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуд.

Дар озмуни мазкур беш аз 60 нафар довталабон иштирок намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон ғолибон муайян гардида бо диплом ва туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.