zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни азиз!

Собиқадоронии арҷманд!

Ҳамаи шуморо ба шарафи санаи бузург ва муқаддас – Рўзи Ғалаба, ки 71 сол муқаддам ба яке аз ҷангҳои даҳшатноктарин ва фоҷиабори асри ХХ хотима гузошт, самимона табрик гуфта, бароятон сулҳу оромӣ ва саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.

Нўҳуми майи соли 1945 дар таърихи мардуми сулҳпарвару озодихоҳи тоҷик ҳамчун натиҷаи корнамоиҳои беназир ҳам дар ҷабҳаи набард ва ҳам дар ақибгоҳ арзёбӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд.

«Хурду бузурги Тоҷикистон ба хотири ҳифзи Ватан ва таъмини ҳарчи зудтари пирўзӣ дар ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монандеро нишон додаанд».

Дар ин ҷанги ҷаҳонӣ Тоҷикистон даҳҳо ҳазор фарзандони худро талаф дод. Қисме аз онҳо дар қабристонҳои бародарӣ дар хоки Русия, Украина, Белорус, кишварҳои соҳили Балтика, Молдова, Аврупо ва дигар ҷойҳое, ки муҳорибаҳо барпо гашта буданд, дафн шудаанд.

Корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо намунаи ибрати наслҳои зиёди имрўзаву оянда хоҳад буд. Омўзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машваратҳои муфид, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрўзу фардои халқи тоҷик барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.

Ҳамчунин сабақҳои талхе, ки ин ҷанги хонумонсўз ба сари тамоми инсоният оварда буд, ҳаргиз фаромўш нахоҳанд шуд. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки сулҳу оромиро ҳифз намоем, ба қадри он расем ва насли ҷавонро дар рўҳияи сулҳу суббот, ватанпарастиву башардўстӣ тарбия намоем.

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми бошандагони ғаҳри Гулистонро бо Иди Ғалаба табрик гуфта, ба ҳамагон саломативу хушбахтӣ, рўзгори обод ва сулҳу осоиш орзу дорам.

Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!