zoofirma.ru

Дар муассисаи таълимии №10 бахшида ба Рўзи оила чорабинии идонаи Ҷамоати шаҳраки Зарнисор доир шуд. Дар маҳфили идона котиби Ҷамоат Ғозибой Яҳёев ва сарвари бонувони шаҳрак Шафоат Бобоева иштирок карданд. 5 оилаи шаҳрак, аз қабили Ҳоҷиевҳо, Бобоевҳо, Мирзалиевҳо, Ғафуровҳо ва Кулматовҳо тибқи чор шарти озмун баромад намуда, чун оилаҳои намунавӣ муаррифӣ гардиданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, бунёди оилаи солим, эҳёи урфу одатҳои хоси тоҷикон, роҳ надодан ба никоҳи хешу таборӣ ва ғайра андешаҳои судманд дар ҷараёни чорабинӣ баён шуданд. Суруду таронаҳои дилнишини ҳаваскорони санъати муассисаҳои таълимии шаҳрак хотири аҳли нишастро шод гардонид. Бо қадркунии беҳтаринҳо маҳфил ҳусни анҷом ёфт.