zoofirma.ru

Дар толори шуъбаи маориф маросими расмии рўнамоии китоби полковники мустаъфӣ, нафақагири кумитаи амният Султон Каримбердиев «Пайраҳаҳои пурпечутоби қисмат», ки чанде пеш дар нашриёти ҶСК «Наби Фахрӣ» бо иқдоми Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода аз чоп баромад доир гардид. Дар ҳамоиш олимон, муҳаққиқон аз макотиби олӣ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Гулистон ширкат доштанд.

Султон Каримбердиев дар муҳорибаҳои шадиди Афғонистон, зиддиятҳои тези набардҳои шаҳрвандии ҷумҳурӣ ва ҳимоятгари иштирокчиёни ҷаласаи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ширкат дошт.

Муаллиф ҳамаи рухдоду воқеоти бо чашми хеш дидаашро дар китоби номбурда тасвир намудааст. Лаҳзаҳои гуногуни ба тасвир кашидашуда хонандаро ба худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, садоқат ба халқу Ватан ва ошкоркунии ҳақиқати ҳоли дар он солҳо рухдода ҳидоят мекунад. Асар ҷолибу хонданбоб мебошад. Аз ҷиҳати тарбиявӣ муаллиф кўшиш ба харҷ додааст, то он ҳамаи хонандагонро новобаста ба маҳдудияти синну сол  фарогир гардад.

Бо назар ба таърихи марҳалаҳои гуногун муаллиф тавонистааст маҳсули арзишманде офарад ва барои рўшанӣ андохтан ба сафҳаҳои таърихи миллат хидмати мондагоре анҷом диҳад. Масоили ҷанг ва сулҳ, расидан ба қадри истиқлолият, оромии ҷомеа аз ҳадафҳои асосии Султон Каримбердиев ба шумор меравад.

Тадриҷан тазаккур бояд дод, ки дар чунин шароити шиддат гирифтани вазъи сиёсии минтақаҳои гуногуни олам аз чоп баромадани китоби «Пайраҳаҳои пурпечутоби қисмат», ки аз 4 бобу 247 саҳифа иборат мебошад, барои тарғиби боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишвар дастури муфид мебошад.

Китоб ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон армуғони арзандаест.