zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри роҳандозии иқдоми Раиси вилояти Суғд дар бораи «Соли 2016 – Соли фарди солим» тадбирҳои мушаххасеро амалӣ намуда истодааст.

Баҳри таъмиру тармими иншоотҳои соҳаи тандурустӣ баробари маблағгузорӣ аз буҷаи маҳал боз соҳибкорон низ ҷалб гардидаанд. Дар пешорўи ин ташаббусҳо саҳми шоёни вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, раиси «Бунёди шафқати ба номи Т.Зокирова» Турсуной Зокирова қобили қайд аст.

18-уми майи соли ҷорӣ маросими супоридани таҷҳизотҳои тиббии муосир ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ дар Маркази саломатии шаҳр сурат гирифт.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Абдусалом Ваҳобзода дар чорабинӣ иштирок намуда, баҳри беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба кормандони соҳаи тандурустӣ дастурҳо доданд ва ба соҳибкор Т.Зокирова барои саховатмандиаш изҳори сипос намуданд.

Бино бар шарҳи корманди «Бунёди шафқати ба номи Т.Зокирова» Убайдулло Анваров соли равон 150 ҳазор сомонӣ барои хариди таҷҳизотҳои муосир мадад карда шуд.