zoofirma.ru

Ҷавонони бонангу номус ва насли ояндасози Тоҷикистон!

Таҷлили Рўзи ҷавонон соли равон дар рўзҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои мубораки Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Кулли ҷавонони шаҳрро, ки ворисони арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон мебошанд, ба ифтихори Рўзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо иқболи баланд ва комёбиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавре таъкид кардаанд:

“Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд”.

Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи сайёра барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин неруи созанда тарҳрезӣ намуда, ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатии худ ҷой медиҳанд.

Имрўз аз ҷониби Давлат ва Ҳукумат бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомўзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон солҳои охир ҷиҳати самаранок гузаронидани вақти ҷавонон, аз ҷумла ба илму касбомўзӣ, варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ менамояд.

Итминони комил дорем, ки ҷавонони ватандўсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷиҳати пешрафти Ватани муқаддаси худ, густариши ваҳдати миллӣ, таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон дода, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовори худро мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи ин миллати куҳанбунёд, ки сарчашмаи иқдомҳои наву созанда мебошад, ба ифтихори Рўзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рўзгор, хушбахтӣ ва дар кору пайкори ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон пирўзиҳо орзу дорам.