zoofirma.ru

Дар муассисаи таълимии №10 бо иштироки толибилмон, аҳли зиё ва бошандагони шаҳрак маҳфили фарҳангии дўстдорони каломи бадеъ бо унвони «Лоиқи имрўзу фардо» баргузор гардид.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Шаҳло Шарифова баргузории чунин чорабинии фараҳбахшро барои аҳли сухан иқдоми нек дониста, ҳамагонро бо ҷашни 75-умин солрўзи ҷашни мавлуди Лоиқ Шералӣ шодбош гуфт. Адиби шинохта Олимхон Исматӣ назди ҳозирин хотираҳои хешро бо Лоиқ ва чакидаҳои хомаашро аз нигоштаҳояш манзур кард. Баъдан маҷмўаи нави шеърҳояшро бо соядаст тақдими ихлосмандони назм намуд. Директори МТМУ № 10 Абдумалик Расулов оид ба ашъори пурбаракати устод Лоиқ Шералӣ ҳарф зад.

Шоми шеъру суруд бо шунавонидани садои шоир, қироати пораҳои шеърӣ дар иҷрои толибилмон қалбҳоро тасхир кард. Раиси Ҷамоати шаҳрак дар вазъияти мутантан ба Зиёда Мирзалиева шаҳодатномаи стипендияи Президентӣ ва Зулайҳо Содиқова, Марҳабои Саид, Заррина Довкарова шаҳодатномаҳои идрорпулии Раиси шаҳри Гулистонро супорид.

Ҷамоати шаҳрак, Ширкати кўҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой ва соҳибкор Амриддин Ҳафизов дар ташкил ва доиркунии маҳфили ёдбуд саҳми арзанда гузоштанд.

Ҳамоиши адабӣ то дергоҳ аз хотирҳо сутурда нахоҳад шуд.