zoofirma.ru

Бо ҳидояти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва меҳмонон бо нўшобаҳои ташнашикану яхмос дар фасли баҳору тобистон дар ҳудуди боғи фарҳангу фароғатии “24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нуқтаҳои нави хизматрасонӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Сокинон ва меҳмонони шаҳр акнун метавонанд аз субҳ то шом аз обҳои софу лазиз ва яхмосҳои ширину гуворои “Орзуи ширин”, “Яхмоси Гулистон” ва “Яхмоси висол” баҳраёб гарданд. Фасли тобистон бо нўшобаю яхмосҳояш ба ҷисми инсон ҳаловати тоза мефизояд.