zoofirma.ru

Таҳти чунин унвон озмуни расмкашӣ миёни дастпарварони кўдакистонҳо ва хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии маркази шаҳр баргузор шуд. Мусаввирони МТМУ-и №14 ҷойи аввал ва гимназияю МТМУ-и №1 ҷойҳои минбаъдаро ишғол карданд. Аксҳои офаридаи Осима Нуруллоева «Оилаи ман», Шодиёна Эргашева «Парчами Тоҷикистон» ва Бифазилат Халилова «Фарди солим» мақбули тамошобинон гардид.

Ғолибони ҳамаи озмунҳо бо мукофотҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва шуъбаи  маориф сарфарозонида шуданд.