zoofirma.ru

Бо ибтикори Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ашъори дастаҷамъонаи сухангустарони шаҳри соҳили “Баҳри Тоҷик” ба ифтихори ҳумоюнҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти чунин унвон аз чоп баромад.

Дар маҷмўа нигоштаҳои соҳибқаламони гулистонӣ, ки фарогири мавзўҳои даврони истиқлоланд, гирдоварӣ шудааст. Китоб аз фаслҳои “Назм”, “Азизони равоншоди сухан”, “Наср”, “Андешаҳо”, “Модарнома”, “Гултаронаҳо”, “Адибони русзабон” ва “Чакидаи хомаи ўзбекзабонон” иборат мебошад.

“Баёзи Гулистон” армуғони маънавие аз дастагули муаттари гулҳои рангин – шеъру тарона, қиссаву андешаҳои боғи тахайюлоти суханварон ба кулли ҳаводорони чаманистони назму наср аст.