zoofirma.ru

25-уми июни соли равон дар Кохи Истиқлол бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода тантанаи бошукўҳи 19-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони шаҳрро бо Иди Ваҳдат - ин рўзи таърихӣ табрику таҳният гуфт.

Дар суханронӣ аз рўзҳои пурдаҳшати ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 ва вазнинию душвориҳои касношуниди расидан ба сулҳу созиш ёдовар шуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумавлон Дадобоев шодбошии идонаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид.

Тантанаҳои бошукўҳи Иди Ваҳдати миллӣ бо барномаи рангини саршор аз суруду таронаҳои арҷгузорӣ ба фазои сулҳу осоиши Ватани азиз бо шукронаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва базму тараби хотирмон сурат гирифт.