zoofirma.ru

8-уми июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон конференсияи илмӣ-адабӣ оид ба китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Аз ориён то сомониён” доир шуд.

Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова конференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшида андешаҳои хешро дар бораи ин асари арзишманди Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон баён намуд. –Осори Президент идомаи мантиқӣ, илмӣ, ватандўстии хатти бузургони гузаштаи мост, - таъкид дошт ў.

Мудири шуъбаи тарғиботии КИ вилоятии ҲХДТ Фирдавс Ҳоҷиев, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ислом Раҳимов, муовини раиси Шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёри тоҷикистонии шаҳр Сановбар Нуриллоева, раиси Ҷамоати шаҳраки Консой Мунира Халилова ва омўзгори гимназияи №1 Саиднисо Воситова роҷеъ ба паҳлўҳои гуногуни асар, шахсияти Пешвои миллат, маҳбубияти ў миёни мардум, нуфузи ў дар арсаи байналмилалӣ ва дар бораи арзиши беназири китоб мулоҳизаҳои хешро иброз намуданд. Конференсия басо хотирмону муфид гузашт.