zoofirma.ru

Таҳти чунин унвон рӯзи 31-уми  июли соли ҷорӣ тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани ҳумоюнҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги шаҳри Гулистон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят доир гардид.

Ташкилоту корхона ва Ҷамоати шаҳракҳо дастовардҳои айёми соҳибистиқлолиро, ки иборат аз маҳсулотҳои саноатӣ, ҳунарҳои халқӣ ва нақши дастони бонувон иборат буд, ба марази тамошо ниҳоданд.

Баъдан, аҳли фарҳанги шаҳр – мутрибону овозхонҳо ва санъаткорон баҳри болида сохтани рӯҳи тамошобинон армуғони созу суруд ва саҳначаҳои  марғубу дилошӯбро тақдими сокинони маркази вилоят гардониданд. Дар чорабинӣ Раисони шаҳри Хуҷанд Шарифҷон Шарифзода ва Гулистон Матлубахон Амонзода ҳузур доштанд.

Ба ҳамин минвол, тантанаи идонаи гулистониён ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба соҳибихтиёрии мамлакат ҷаззобу пуршукӯҳ доир гардид.