zoofirma.ru

3-юми август дар Кохи Истиқлол дар фазои тантанавӣ маросими супоридани диплом ба нахустин хатмкунандагони Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо сухани муқаддимавӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси шаҳр ин рухдоди хотирмонро дар арафаи ҷашни истиқбол аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф ба хатмкунандагон муроҷиат намуда, онҳоро баҳри садоқат ба касби пурмасъулият ва бошарафашон ҳидоят намуд.

-Шумо ворисони ростини бузурги миллати тоҷик Абўалии Синоро ба ифтихори хатми муассиса ва соҳибкасб шудан шодбош гуфта, дар самти амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат дар соҳаи тандурустӣ, ки муҳтавои асосии он фарди солим,оилаи солим ва дар маҷмўъ ҷомеаи солим мебошад, барор мехоҳам, - таъкид дошт Матлубахон Амонзода.

Сипас, намояндаи Шўрои муассиса Шўҳрат Ҳоҷибоев, хатмкунандагон Ҳикматой Каримова, Мадина Абдураҳимова ва намояндаи падару модарон Наҷминисо Мўъминова ба сухан баромада ба мутахассисони ҷавон омади кор ва ба устодони муассисаи таълимӣ арзи сипос иброз доштанд.

105 нафар хатмкунандагони нахустин соҳиби диплом шуданд. 10 нафар беҳтаринҳоро аз ҷумлаи Мадина Абдураҳимова, Умеда Бобораҳимова, Нилуфар Ҳоҷибоева, Шарифҷон Деҳқонов. Гулрухсор Бобоҷонова, Гулнозахон Халоқова, Садоқат Дўстмуротова, Ҳикматой Каримова, Лола Воҳидова ва Манижа Ғаниева гирифтани дипломи дараҷаи аъло насиб гардид. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар вазъияти мутантан ба муассисони таълимгоҳ Абдураҳмон ва Нуриддин Қосимовҳо, Комилҷон Комилов сипоснома ва ба 10 нафар хатмкунандагони беҳтарин дипломи дараҷаи аълоро супорид.

Чорабинӣ бо барномаи рангини консертии муғанниёни бахши фарҳанг анҷом пазируфт.