zoofirma.ru

16 августи соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Гулистон  ҷаласаи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, масъулини сохторҳо, раёсату шуъба ва бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ таҳти раёсати Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода роҷеъ ба тадбирҳои иҷрогардида ва нақшаи чорабиниҳои идона гузориш дод.

Раиси шаҳр таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба тадбиқи нақшаву барномаҳои вобаста ба омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Гулистон, пеш аз ҳама густариши корҳои ободкориву созандагӣ, чароғонкунии кўчаҳо, овехтани шиору овезаҳои босифат, дастгирии табақаҳои ниёзманд ва тайёрии хуб ба сафороии ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷалб намуд.

Иштирокдорони ҷаласаи назди Раиси шаҳр вазифадор карда шуданд, ки дар сохтору бахшҳои худ масъалаи муҳокимагардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо чораҳои мушаххас андешанд ва барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷиҳата омода бошанд.