zoofirma.ru

Дар Боғи фарҳангу фароғатии «24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шоми рӯзҳои истироҳат барномаҳои консертии бахши фарҳанг кулли ҳаводорони суруду таронаҳои дилангезро гирд овард.

Шаҳрвандон ва меҳмонон аз баромадҳои ҷолибу ҷаззоби ҳунарварон баҳраёб гардиданд.

Тавре мудири бахши фарҳанг Фатҳулло Абдуллоев зикр дошт рӯзҳои истироҳати минбаъда санъаткорони шаҳракҳо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур тибқи дастури Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ва дар доираи нақша – чорабиниҳо баҳри истиқболи арзандаи ҷашни миллии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда истодааст.