zoofirma.ru

18 - уми августи соли 2016 Рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзўи «Истиқлолият - арзишмантарин дастоварди халқи тоҷик» дар 42 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳо ва Ҷамоати шаҳракҳои қаламрави шаҳр гузаронида шуд.

Тарғиботчиёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Уғулой Умаралиева, дотсенти ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаббат Почоева, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ ва аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба мавзўи Рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ баромад карданд.

Тарғиботчиён роҷеъ ба аҳамияти истиқлолияти давлатӣ, соҳибистиқлоливу соҳибватанӣ, бунёди давлатдории миллӣ ва дастовардҳову муваффақиятҳои Тоҷикистон, доир ба талошу муборизаҳои фарзандони халқи тоҷик дар ҷодаи ба даст овардани истиқлолият, омодагӣ баҳри таҷлили бошукўҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳарф заданд.

Тадриҷан тазаккур бояд дод, ки бо ҳадафи моҳияти мавзуъро ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонидан маводи Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят ва И.Ҷумаев - аъзои Иттифоқи ҷавонони вилоят дар мавзўи “Истиқлол ганҷи ҷовидони миллат” дар нашрияи маҳалии “Соҳил” аз 18-уми августи соли 2016, №33(858) дарҷ ва дастраси муштариён карда шуд.