zoofirma.ru

Рўзҳои 15-20-уми август дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ слёти VII геологҳои ҷавони кишвар баргузор гардид. Тибқи нақша дар равиши чорабинӣ озмун марбут ба илми геология таҳти унвони “Геология ва мо” гузаронида шуд.

Толибилмони МТМУ №8-и шаҳраки Сирдарё Очаой Содиқова, Мавҷуда Орзуқулова, Иқбол Фарҳодзода, Бузургмеҳр Фарҳодзода, Умед Кенҷаев, Шохрух Юлдошев, Хуршед Нарзуллоев, Азизҷон Деҳқонов таҳти роҳбарии омўзгор Маъбуд Раупов ва намояндаи экспедитсияи комплекси геологӣ Норалӣ Усмонов аз рўи 12 навъи шартҳои озмунӣ баромад карда, маърифати соҳаи геологиро назди иштирокдорон ва ҳайати ҳакамон хуб нишон доданд. Натиҷаи омодагии хуби дастаи “Геолог”-и шаҳри Гулистон буд, ки ҷойи дуюм насибашон гардид. Дастаҳои “Кристалл”-и шаҳри Душанбе мақоми аввал ва шаҳри Хоруғ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Ҳайати даста ва тренерои М. Раупов, Н.Усмонов бо раҳматнома, диплом ва медали “Слёти VII геологҳои ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфарозонида шуданд. Сардори корхонаи воҳиди “ЭКГҚ” Алиҷон Наимов сарпарастии дастаро ба зимма дошт, ки аз ин аҳли дастаи “Геолог” сипосгузоранд.