zoofirma.ru

Сеюми сентябр ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр чорабинии муфиди варзишии – Рўзи дав баргузор гардид.

Ба хотири солимию бардамӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дар доираи чорабиниҳои Соли фарди солим ҳадафи ниҳоӣ маҳсуб меёфт. Майдони чорроҳаи Хадамоти оташнишонӣ аз субҳи солеҳ пуродам буд. Чорабинӣ бо давидани наврасони 10-15 сола оғоз ёфт. Вобаста ба синну сол дар чор давр чорабинӣ сурат гирифт.

Ба ташкилоту корхонаҳои фаъол ва пешсафони мусобиқаи варзишӣ Сипоснома, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода супорида шуд.

Ин тадбири муҳим ҳамагонро бо руҳияи баланд ба шуғли варзишу тарбияи ҷисмонӣ ҳидоят мекунад.