zoofirma.ru

Истиқбол аз 25-солагии Рўзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Гулистон бо чорабиниҳои гуногуни тантанавию фарҳангӣ хотирмону диданӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози нахустчорабинӣ ба собиқадорони меҳнат Римма Беляева, Ҳайдар Муродов, Маҳмуд Холиқов ва Турсунбой Шарифбоев мукофоти пулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода супорида шуд.