zoofirma.ru

7-уми сентябр ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оғоз ёфт.

Зимни суханронии кўтоҳу пурмуҳтавои худ Матлубахон Амонзода Раиси шаҳр, истиқлоли давлатиро дастоварди беҳтарини миллати тоҷик дар таърихи муосири Тоҷикистон ва арзишмандтарини ҷашнҳои умумимиллии кишвар арзёбӣ намуд.

Матлубахон Амонзода бори дигар аз арзишҳои волои истиқлолият, давлатдории мустақили миллӣ ва рушди худшиносию худогоҳии мардуми сарфарози тоҷик ёдовар шуда, ҳамагонро ба пойдору устувор гардонидани дастовардҳои давлату миллат дар зарфи 25 соли рушди мустақили Тоҷикистони азиз, ҳифзи оромию субот дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи ҳаёти озоду пурсаодат ҳидоят намуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода муборакбодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳузурдоштагони ҷамъомад расонид.

-Қарзи ҳар як шаҳрванд аст, ки дар баробари шукрона кардан аз соҳибватанӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол, тамоми кўшиши хешро баҳри таҳкими Ваҳдати миллию ободсозии кишвар сафарбар намояд, -гуфт Шавкат Бобораҷабов, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро манзури ҳозирин гардонид.

Баъдан кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин шаҳрак, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ ҷамъбаст гардид. Шаҳраки Консой “Шаҳраки беҳтарин”, маҳаллаи №1 “Маҳаллаи беҳтарин”, хонаи Раъно Ҳомидова “Хонаи намунавӣ” ва оилаи Муҳсин Раҳимов “Оилаи намунавӣ” - ро сазовор гашта ба ғолибон ҷоизаҳо супорида шуд.

Ҷаласаи идона бо садо додани Суруди миллӣ ҳусни анҷом ёфт.