zoofirma.ru

Ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон бисту панҷ сол пур шуд. Дар ин муддат давлати тоҷикон дар миёни кишварҳои дунё мавқеи худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ҳаёти ҷомеаи мо дар даврони истиқлолият бисёр пешравию муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин пеш аз ҳама аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар решадор месозад.

Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат менамояд. Зеро худи ин иди саид бар пояи ормонҳои башардўстиву инсонпарварӣ ва шафқату бародарӣ зуҳур кардааст.

Имрўз сокинони шаҳри Гулистон бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва аз баракати сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар баробари заҳмати созандаву ободгарона ба анҷом додани амалҳои хайр эътибори бештар медиҳанд ва бо ин иқдоми худ соҳиби савоби зиёд мегарданд. Воқеан, дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист.

Бузургони мо беҳуда ҳатто бо ҳамдигар сухани нек гуфтан, рафтори шоиста доштан ва дили касеро шод гардониданро беҳтарин садақаву хайрот нагуфтаанд. Итминони комил дорам, ки дар пояи сифатҳои олии ин иди саид шахсони ҳимматбаланду саховатпеша ба ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва шахсони камбизоат кумак кардан, бо ин амали хайру башардўстонаи худ соҳиби савоби зиёд мегарданд.

Дар ин рўзи муборак бо шукргузорӣ аз амну амонии мамлакат ва давлату давлатдории миллиамон фарорасии иди саиди Қурбонро бори дигар ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли ҳамдиёрони бурунмарзиамон табрик гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати рўзгор мехоҳам.

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!