zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши фасли заррин, ки бо қадами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаламрави вилояти шуҳратманди мо файзбортар гардидааст ва тантанаҳои идонаи ҷашни ҳумоюни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шукӯҳу ҷалоли хоса пайдо намуда, ба мардуми шарифи шаҳри Гулистон рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва тафохури миллиро эҳдо кардааст, таҷлили нахустини Рӯзи шаҳри Гулистон дар ин раванд идомаи мантиқии ин ҳама шаҳомати бузургии даврони Истиқлолият мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як шаҳр таҷлили Рӯзи худро дорад. Вобаста ба ин, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 27 апрели соли 2016, № 73 “Дар бораи эълон намудани Рӯзи шаҳри Гулистон” ҳамасола рӯзи 15 сентябр – Рӯзи шаҳри Гулистон эълон карда шудааст.

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумо ва мардуми шарифи шаҳри Гулистонро бо ҷашни Рӯзи шаҳр табрик намуда, бароятон тандурустӣ, сари баланд, рӯзгори ободу осуда, комёбиву пирӯзиҳо ва зафармандиҳоро дар кору пайкори ҳамарӯзаатон таманно менамоям.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи 9 корхонаҳои саноатии шаҳр бевосита иштирок дошта, баҳри пешрафти соҳаи саноат дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар натиҷа баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз соли 2012 то соли 2015 дар минтақаи саноатии шаҳр ва дар ҳудуди шаҳри Гулистон 27 корхонаҳои калон ва хурду миёна ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир сохта ба истифода дода шуданд, ки имрӯзҳо ин корхонаҳо бо пуррагӣ фаъолияти истеҳсолӣ доранд. Дар тӯли 6 соли охир корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 31 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғдро таъмин менамоянд.

Дар оини шаҳрдории мо низ дар даврони истиқлолият дигаргуниҳои кулли ба вуқӯъ пайваста, шаҳр ба яке аз боғшаҳрҳои Тоҷикистони маҳбуб мубаддал гардида, имрӯз бо ҷидду ҷадали ҳар бошандагони шаҳр ба гулистони ҳақиқӣ табдил ёфтааст.

Таҷлили расмии Рӯзи шаҳр моро муваззаф месозад, ки дар партави илҳомбахши Истиқлолияти давлатӣ аз имрӯза бештару беҳтар ва хубтару пурсамартар кору фаъолияти хешро ба роҳ монем. Дар рушди босуботи шаҳр дар ҳамаи соҳаҳо ҷиддан камари ҳиммат баста, барои ташаккули оини шаҳрдориамон, пешравии соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ва дар ин замина болоравии сатҳи зиндагиамон якдилона ҷидду ҷаҳд намоем.

Таҷлили Рӯзи шаҳри Гулистон барои ҳар яки мо мояи ифтихор буда, моро барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят хоҳад кард.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек  бори дигар ҳамаи мардуми шарифи сарбаланди шаҳри Гулистонро ба ифтихори Рӯзи шаҳр самимона муборакбод намуда, бароятон хушбахтиву файзу баракат, саодату иқболи нек, хонаободӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Рӯзи шаҳри Гулистон муборак, ҳамшаҳриён!