zoofirma.ru

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки бо кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ эҳтирому сипосмандии воҷиб гузорем ва номашонро зинда нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар садри онҳо устод Абубабдуллоҳ Рўдакӣ қарор дорад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз моҳи майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» илова ворид гардид, ки 22-юми сентябр дар саросари кишвар ҳамасола чун Рўзи Рўдакӣ, ҳамчун ҷашни фархундаи назми кўҳан, мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи мо, чун рўзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ таҷлил ва арҷгузорӣ мегардад. Соли 2008 дар ҷашнвораи 1150-солагии устод Рўдакӣ Президенти кишвар воқеъбинона таъкид намуда буданд, ки дар аҳди Сомониён ва ибтидои асри 11 беш аз 120 суханвар таҳти раҳнамоии устод Рўдакӣ ва андешаҳои волои ў истиқлолияти воқеии забон ва фарҳанги моро ба таври ҷовидонӣ поягузорӣ намудаанд.

Ашъори пандомез, ҳикматомўз ва дорои таҷрибаи ғании ҳаёти устод Рўдакӣ ва каломи ў имрўз назар ба ҳар вақти дигар дар хидмати сулҳу ваҳдат, дўстӣ ва ҳамраъӣ, пешрафт ва тараққиёт, тақвияти илму донишу маърифат қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари хирадманди мо дар мавриде тазаккур менамоянд:

«Хизмати таърихии устод дар он аст, ки қадри суханро ба арши аъло расонида, мустақилияти адабиётро фароҳам овард ва адабиёти моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард».

Бале, имрўз мо – ворисон бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рўдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихормандӣ дар бобати хидмати беғаразона, ватанпарастона ва ҷоннисоронаи устод Рудакӣ чунин ибрози андеша менамоянд:

«Модари тоҷик устод Рўдакӣ, султони сухани мулки Аҷамро ба дунё овард ва шеъри оламгири ўро бо забони ширину гуворо ва нармиву покии тоҷикона ба гўши наслҳои нав ба нав мехонд ва аз боду борон ва газанди рўзгорон ҳифз менамуд ва барои наслҳои оянда, аз ҷумла барои мову шумо, чун мероси падар ба ворисон ба ёдгор гузоштааст».

Бо самимият ҳамагонро бо Рўзи устод Рўдакӣ муборакбод намуда, тандурустиву рўзгори босаодат ва барори кор орзумандам.

Бигузор, дар ҳар иқдоми хайри мо рўҳи Рўдакии бузургвор ёру мададгор ва кохи шеъри ҷовидонаи Рўдакӣ то абад бегазанд бошад!