zoofirma.ru

Бо ибтикори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба Иди Меҳргон дар майдони бозори шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои мақомоти маҳаллӣ, ниҳодҳо қудратӣ, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва сокинони маркази шаҳр иштирок намуданд.

Дар ярмарка-фурӯш маҳсулоти корхонаву муассисаҳои шаҳр ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳамсояноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсулоти худро бо нархҳои нисбатан ба бозор ба андозаи 15-20 фисад арзон ба харидорон пешкаш намуданд. Дар ярмарка-фурӯш маҳсулотҳои мавриди ниёз ва кишоварзӣ, ба миқдори 4 тонна орд, 500 килограмм равған, 5 тонна пиёз, 3 тонна картошка, 1 тонна сабзӣ, 1 тонна себ, 500 килограммӣ ангур, бодиринг, помидор, карам, 400 килограмм моҳӣ, 500 килограмм асал ва монанди ин ба фурӯш бароварда шуд. Сокини маркази шаҳр Саёҳат Бадалова нисбати ташкили ярмарка-фурӯш ибрози андеша намуда, аз ҷумла чунин зикр дошт:

- Ҷашни Меҳргон, ки имрӯз қонунан эҳё гардида, санаи таҷлилаш аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ҳукми иди миллиро дорад. Ҳамасола якшанберӯзи сеюми моҳи октябр таҷлили он бо ташкили намоишгоҳҳои дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Мо, сокинони шаҳри Гулистон сарфарозем, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин иди некро бароямон бо ташкили ин ярмарка-фурӯш муташаккилона дар сатҳи баланд фароҳам овардаанд.

Роиҷ ба зикр аст, ки дар раванди Иди Меҳргон аз ҷониби ихтиёрони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ба сокинони кӯҳансол барои расонидани ёрӣ ва дастрас намудани маводҳои харида ба манзилашон ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, аз тарафи муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр дӯкони саломатӣ ташкил гардида, ройгон ба сокинон маводҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ оид ба маърифати офиятмандӣ тақсим карда шуданд.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи иқтисодиёт ва савдои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Маҳбуба Шодиева барои дастгирии сокинони шаҳри Гулистон ва Ҷамоати шаҳракҳо дар оянда ташкили чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёз ва кишоварзӣ дар рӯзҳои истироҳат ба нақша гирифта шудааст.