zoofirma.ru

Даври якум ва дуюми озмуни  ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон» дар шаҳри Гулистон ба анҷом расид. Даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардида, дар давраи дуюми озмун (шаҳрӣ) омӯзгорон аз аз муассисаҳои таълимии № 1, 3, 5, 7, 8, 10, 12, 13, 14 ва гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.

Ғолиби озмуни давраи дуюм намояндаи гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омӯзгори фанни математика Раҳима Қодирова гардид. Ҷойи дуюм насиби омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ № 8 Нилуфар Боева, ҷойи сеюм насиби омӯзгори фанни забон ададбиёти тоҷики МТМУ № 7 гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъолу беҳтарин омӯзгорон Рухсора Мирзалиева аз МТМУ № 14 ва Муҳаббат Ниёзова аз МТМУ № 3 барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаву туҳаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар даври сеюми озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон» шаҳри Гулистонро намояндаи гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омӯзгори фанни математика Раҳима Қодирова муаррифӣ хоҳад кард.