zoofirma.ru

Дар толори маркази фароғатии «Соҳил» бахшида ба Рӯзи милитсия чорабинии тантанавӣ баргузор гардмид. Раиси шаҳри Гулистон матлубахон Амонзода ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Гулистонро ба муносибати иди касбиашон муборакбод намуда, зикр кард, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои зарин навишта шудааст.

Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ он доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои онҳоеро, ки сари гаҳвораи ин ниҳоди муҳими давлатӣ буданд, бошарафона идома медиҳад.

Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Сарвари шаҳр ҳамзамон, таъкид намуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст. Бинобар ин, вазъи риояи тартиботи ҷамъиятии кишвар дар маҷмӯъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии мустақим дорад.

Сипас Амри Раиси шаҳр доир ба сарфарозонидани кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳр бо Сипосномаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  қироат карда шуда, дар вазъи тантанавӣ ба пешоҳангони ин ниҳод Сипоснома ва туҳфаҳои қимматнок супорида шуданд.

Дар ҷамъомад сардори ШВКД дар шаҳри Гулистон, полковники милитсия Хуршед Мирзозода баромад карда, роҷеъ ба фаъолият ва дастовардҳои кормандони шуъба сухан ронд. Дар ҷамъомад инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ полковники мустафъии милитсия Шавкат Юлчиев ва полковники мустафъии милитсияи Людмила Фоменко баромад карда, нисбати ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ арзи сипосмандӣ намуданд. Барои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчунин туҳфаҳои  шуъбаи ВКД дар шаҳри Гулистон супорида шуд.

Дар интиҳо санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои ҷамъомадагон барномаи рангини консертиро манзур намуданд.