zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

24-уми ноябр тамоми тоҷикистониён боз як ҷашни таърихӣ, рӯзи саиду саодатбахш – Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷикистониён соли ҷорӣ ҷашни ҳумоюни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакати худро бо рӯҳбаландии бузург ҷашн гирифтанд. Имрӯз бошад мо Рӯзи яке аз рамзҳои асосии давлатамон – Рӯзи Парчами миллиро ҷашн мегирем.

Дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаҳо ва рӯйдодҳое ҳастанд, ки омӯзишу баррасии онҳо барои имрӯзиёну ояндагон чун сабақеву панде хизмат карда, дар шинохти асолати миллӣ, баҳамоиву худогоҳӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, дар баробари Суруди Миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ – Парчами давлатӣ низ барои мардум муқаддас аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чунки ҳар ҷо Парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Аз ин рӯ Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки «Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони Истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад».

30-юми августи соли 2011 бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пояи 165-метра, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Парчами давлатии Тоҷикистон бо чунин бузургию ҳашамат, ки мислаш дар дунё нест, бори нахуст дар паҳлӯи чапи Қасри Миллат ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон - 165 метр бардошта шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои рамзҳои давлатии Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, Забони давлатӣ ва пойтахти худ шаҳри ҳамешасабзу ҳамешабаҳори Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он барои ҳар сокини мамлакат қарзу фарз аст.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инак ҳафт сол мешавад, ки рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Баргузор гардидани он имрӯз ва дар оянда метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва ҳар як сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Парчам мавқеъ ва нақши хосаи худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд. Аз ин рӯ Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ менамояд.

Парчами мо, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул шуда буд, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷикон ва ҳамчунин ҳафтод соли давлатдории шӯравиро инъикос мекунад. Вай аз матои росткунҷаи се рахи рангадор – сурх, сафед, сабз иборат мебошад. Рӯи ранги сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Ранги аввал: ранги сурх – ранги шуои офтоб, рамзи равшанӣ, дониш, таърих, фатҳу нусрат, субҳи дилоро, ифтихор, сурхрӯӣ ва соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин ранг маънои анъанавӣ низ дорад. Парчами Коваи оҳангар аз чарми сурх буд. Ранги дуюм: ранги сафед - рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, шири поки модар, виҷдону дили пок, имони комил ва беғубории рӯзгор аст. Ранги сафед рамзи осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост.  Ранги сабз бошад, чун рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, толеи баланд, баҳор, Наврӯз, файзу баракат, ҷавонӣ, зебоӣ ва чун рамзи дини мубини ислом мебошад.

Дар Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон, ки бо Қонуни махсус тасдиқ шудааст, ҷой, макон, вақти афрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон ба низом дароварда шудааст, ки риоя ва тартиби он барои ҳамагон воҷиб аст.

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла гулистониён низ зери Парчами давлати худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд. Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда, ба шарофати партави Парчам мардум бештар муттаҳид ва озими амалҳои нек гардида, ифтихори беназирро аз ҳастии Парчам, ки нишони соҳибистиқлолии давлати мо аст, дар замири худ мепарастанд. Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқирини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд.

Тамоми мардуми сарбаланди шаҳру шаҳракҳои Гулистонро бо ин рӯзи муборак – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният намуда, бароятон саодатмандиву тандурустӣ, бахту иқбол, сарсабзиву комёбиҳоро дар партави саодатбахши Парчами давлатӣ таманно менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!