zoofirma.ru

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2016 фаъолияти мунтазами истеҳсолӣ бурда, дар ин давра ба маблағи 1,9 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои амалкунанда 143,9 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра теъдоди кормандони корхонаҳои саноатӣ 348 нафар, музди маоши миёна дар ин соҳа 693 сомонӣ афзуда, Гулистон бо 22 кишварҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ дошта, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 150,0 миллион, воридот бошад 32,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода,  фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 4,6 маротиба зиёд гардидааст.