zoofirma.ru

Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода, дар Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳо барои шарҳи Паёми Пешвои миллат ҷамъомаду мулоқот, вохўрию суҳбатҳо роҳандозӣ мешаванд.

Дар толори КАТС бо кормандони соҳаи тандурустӣ ҷамъомади судманд баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Саида Ғоибова, менеҷери сохтори госпиталӣ Гулсанам Сармусоқова, сармуҳаррири рўзномаи «Соҳил» Абдуманнон Одинаев оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ андешаҳои хешро иброз намуда, таъкид доштанд, ки Паёми имсола ҳама самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлил намуда, вазифаҳои навбатиро бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуботи Тоҷикистони азизамон муайян намуд.

Маърўзачиён тазаккур доданд, ки ҳамагонро лозим аст, ки дар партави Паёми Пешвои миллат фаъолият намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ва назаррас ноил гардем. Ҳамзамон, зикр гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро соли ҷавонон эълон карданд. Ин иқдоми наҷиб дар ҷомеа гарму ҷўшон пазироӣ гардида, ҷавононро ба масъулиятшиносӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҳамаҷониба ҳидоят менамояд.