zoofirma.ru

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр қариб дар 50 корхонаву ташкилот, идораву муассиса ва шаш Ҷамоати шаҳракҳо рўзи панҷшанбе рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзўи “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа ба ояндаи дурахшон” доир гардид.

Тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Сироҷиддин Бобоев, дотсент, мудири кафедраи Донишгоҳи иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Мукаррама Неъматова, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва тарғиботчиёни маҳаллӣ доир ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон маърўзаҳо намуданд.