zoofirma.ru

Тағйирот ва равандҳои глобалии солаҳои охир ба манбаъҳои обӣ таъсири бузург расониданд. Вобаста ба ин, об ба яке аз масъалаҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва сулҳ табдил ёфта истодааст. Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки давлатҳои ҷаҳон дар ҷараёни танзими захираҳои об рўҳияи ҳамкорӣ, сабру таҳаммул, шаффофият ва эҳтироми ҳамдигарро риоя кунанд, то ин ки ба даст овардани рушди устувор ва ҳифзи муҳити атроф барои наслҳои оянда таъмин гардад. Мавҷудияти муносибатҳои гуногуни ҳамкорӣ дар масъалаҳои истифодаи об дар ҳавзаҳои зиёда аз 263 дарёҳои сарҳадгузар, ки 60 фоизи захираҳои оби тозаро дар ҷаҳон ташкил медиҳанд гувоҳи он аст, ки маҳз об сарчашмаи асосии ҳам некўаҳволии одамон ва ҳам амнияти минтақавӣ мебошад. Ҳатто дарёҳое, ки марзҳои миллиро убур мекунанд онҳо низ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ аҳамияти муҳими стратегӣ доранд. Дар баробари ин, коршиносон имрўзҳо баъзе аз муноқишаҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷанги Лубнонро марбут ба об медонанд.

Дар шароити босуръат афзоиш ёфтани аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ-гидроэнергетикӣ, таҳия ва муқаррар кардани роҳу воситаҳои мувофиқашудаи дарозмуддат ва бемамониати идораи маҷрои дарёҳо чораи ягонаи таъмини рушди устувори иқтисодиёт, ҳалли мушкилоти камбизоатӣ, маориф, тандурустӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва дигар мушкилоти муҳими иҷтимоиву иқтисодии муҳим мебошад. Тағйироти глобалии иқлим, ки солҳои охир ба назар мерасад ва равандҳое, ки онро ҳамроҳӣ менамоянд дар масъалаҳои таъмини об ва маводи ғизоӣ барои зиндагии миллионҳо нафар душворӣ пеш овардааст.

Алъон дар миқёси ҷаҳон қариб 1,6 миллиард нафар аз қувваи барқ истифода бурда наметавонад. Аз рўи ҳисобҳои мутахассисон дар мавриди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи қувваи барқ ақалан як миллиард нафарро бо қувваи барқ таъмин кардан мумкин аст. Бояд қайд кард, ки мамлакати мо аз лиҳози истифодаи қиёсии захираҳои гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳар километри мураббаъ ҷои якум ва аз ҷиҳати истеҳсоли он ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд. Вале аз ин захираи бузург ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3-4 фоизи он истифода бурда мешаваду халос.

Илова бар ин, мамлакати мо айни ҳол аз рўи нишондиҳандаҳои қиёсии замини кишт ва истифодаи об ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷои охиринро ишғол менамояд. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дар он захираҳои об нисбатан фаровонанд. Ҳар сол дар қаламрави мамлакати мо 64 миллиард метри мукааб об ихроҷ мешавад. Ин беш аз 60 фоизи маҷрои дарёҳои ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад. Аз чунин ҳаҷми бузурги об танҳо 10 фоизи он барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дохилӣ сарф шуда, оби боқимонда ба мамлакатҳои поёноб ҷорӣ мегардад.

Дар иртибот ба ҳамаи ин, фикр мекунем, ки эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, иқдоми саривақтӣ буда, барои таҳкими ҳамкорӣ ва гуфтушунидҳо, дарёфти роҳҳои нави танзими муносибатҳои обӣ миёни кишварҳои олам, самаранокии истифодаи об дар эҳтиёҷоти инсоният, беҳсозии муҳити зист ва ҳамдигарфаҳмии истифодабарандагони обро дар ҳамаи сатҳҳо беҳтар хоҳад кард.

Ҳамзамон, ин ибтикори Пешвои муаззами миллат барои боло рафтани эътибори Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Фахриддин БЕГОВ,
сармутахассиси
шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон