zoofirma.ru

Қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои Тоҷикистон мояи ифтихори бузург аст. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои қаблии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла оид ба эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун ташаббускор эътироф шудааст.

Оби ширину ошомиданӣ чун як манбаи ҳаёт арзиши баланд дорад. Инсон бояд дарк намояд, ки об худ шифо аст ва неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад. Агар инсон 2 фоизи оби баданро аз даст диҳад, ташна мемонад, 10 фоизро аз даст диҳад бемор аст, 12 фоизро аз даст диҳад, бе табобати духтур ба по истода наметавонад, 15-20 фоизро аз даст диҳад, ба марг дучор мешавад.

Аз нигоҳи тиб каллориянокии ҷисмро маҳз об паст мегардонад. Нафаре ки обро бештар менўшад, ба сактаи қалб камтар дучор мешавад. Бе хўрок инсон то чанд моҳ зинда монда метавонад. Аммо бе об аз се-ҳафт рўз зиёд зинда намемонад. Як инсон давоми умр танҳо барои эҳтиёҷоти худ даҳҳо тонна обро истифода мебарад. Бояд боиси нигаронии аҳли башар бошад, ки зиёда аз як миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Аз рўи ҳисоби мутахассисон на ҳама захираҳои оби ошомиданӣ барои инсоният дастрасанд. Яъне нисфи он дар шакли ях ва ҷоришавии зеризаминӣ қарор дорад. Ҳадафи дигар аз даҳсолаи нав ба роҳ мондани муносибати дурусту оқилона ба об аст. Инсон бояд дарк намояд, ки об худ шифо аст ва неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад.

Мутобиқи қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар қаламрави вилоят дар партави ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат соли 2017 ҳамчун Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ эълон гардидааст. Дар ин замина қарори Раиси шаҳр муҳтарама Матлубахон Амонзода доир ба иҷрои Барномаи махсус роҷеъ ба таъмини аҳолии шаҳр ба тасвиб расидааст, ки идораи мо-қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Гулистон нақшаи чорабиниҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд, то вазъи обтаъминкунӣ дар маркази шаҳрамон беҳтар ва ба талаботи сокинон ҷавобгў гардад. Дар иртибот ба ин, мо соли ҷорӣ тасмим гирифтаем, ки дар ободонии ду ҳавзи асосии обтаъминкунандаи марказ корҳои ободониро вусъат дода, дар атрофи он боғҳо бунёд намоем. ҳамзамон, барои беҳтар намудани вазъи обтаъминкунӣ дар маҳаллаи Гулистони маркази шаҳр ивази пурраи қубурҳои хатти интиқоли об ва насби таҷҳизоти обченкунанкҳоро барои танзими он ба нақша гирифтаем.

Ёқубҷон Мамадалиев,
ардори қитъаи обтаъминкунӣ ва
канализатсияи шаҳри Гулистон