zoofirma.ru

Дар заминҳои шафати идораи ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода маъракаи ниҳолшинонӣ ба вуқўъ пайваст.

Зимни мулоқот бо роҳбарияти корхона Раиси шаҳр роҷеъ ба масоили фаъолияти бомароми он, пардохти андозу музди маош, ободонии муҳити корхона, чароғонкунӣ дастуру супоришҳо дода, дар ниҳолшинонҳо иштирок намуд.

Ба иттилои директори ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» Абдуҷалил Юсуфов моҳипарварони гулистонӣ азм доранд, дар соҳили «Баҳри тоҷик» дар майдони 1,5 гектар боғ бунёд кунанд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ он рўз 200 бех ниҳоли зардолу ва 210 бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.