zoofirma.ru

Онҳое, ки барои ин Ватан ва пешрафти ҷомеа хизмат кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз мадди назарҳо дур намонда, кору пайкори эшон фаромӯш нахоҳад шуд.

Бо дарназардошти хизматҳои шоиста ва фаъолияти меҳнативу ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи модар як гурӯҳ модарон, ки фарзандони онҳо дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ширкат варзидаанд, аз ҷумла Лутфинисо Ҳусанбоева, Соидахон Мансурова, Барчинисо Бобоева, Мавҷуда Каримбердиева, Санавбархон Миркамолова ва Калинина Лидия Ивановна аёдат карда шуданд.

Ба аёдати ин модарони бузург раиси Ҷамоати шаҳраки Сирдарё Д.Содиқӣ, раиси ТҶИ К.Бозоров, аъзои фаъоли ТҶИ З.Пӯлотов ва М.Усмонов, намояндагони Шӯрои ветеранҳои шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Сирдарё А.Отаев ва П.Ҷадринов рафта, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.