zoofirma.ru

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки чанд рӯз қабл аз Наврӯз дар муассисаҳои таълимӣ ин ҷашни сифр миллӣ бо шукӯҳи хосса таҷлил карда мешавад. Бо мақсди арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳои аҷдодӣ дар МТМУ №12 деҳаи Зарчашма чорабинии идона доир гардид. Дар ин ҷашни наврӯзӣ иҷрои сурди «Ёр-ёр» ва хондани «Саломномаи арӯсӣ», рақси якка, хонадни суруди «Навкарони домод», мусобиқаҳои варзишӣ ба монади гӯштингирӣ, кашидани арғамчин, дастхобонӣ ва ғайра ба ҳозирин намоиш дода шуданд. Намоиши таомҳои миллӣ, ашёи таърихӣ, маҳсулоти кадбонуи беҳтарин ва муаррифи ҳафтсину ҳафтшин ҷузъи дигари ин чорабинии идонаро ташкил медоданд.