zoofirma.ru

Зарнисор. Ба муносибати Наврӯзи байналмилал ва шастумин солгарди зодрӯзи шоири шинохта ва рӯзноманигори варзида Ҷӯра Юсуфӣ дар МТМУ №10 Ҷамоат маҳфили наврӯзӣ баргузор гардид. Дар наврӯзгоҳи муассиса омӯзгорон, хонандагон ва аҳли ҷамоат ҳозир гардида, ашъори дилангези шоир ва сурудҳои рӯҳнавози сарояндаи хушнаво Ҳасани Мирзо маҳфилро шукӯҳи хосса бахшид. Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, барои худшиносии миллии хонандагон ва арҷ гузоштан ба мероси фарҳангии ниёгон таъсири босазое мегузорад.