zoofirma.ru

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд:«Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки барои беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд».

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар тарабхонаи “Соҳил” бо ташаббуси мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони шаҳр хатнасури дастаҷамъонаи 38 нафар писарбача аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар суханронии худ зикр намуд, ки ба ифтихори Наврўзи бузург – иди бошукўҳи аҷдодӣ, ки ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони саховатманди гулистонӣ, тасмим гирифтанд тўйи як гурўҳ писарбачаҳои дўстрўякро баргузор намоянд. Ин амал, дарвоқеъ яке аз виҷагиҳо ва фазилатҳои Наврўз, яъне дасти сахо дароз кардан ба ҳамдигар буда, ҳазорсолаҳост, ки миллати мо ин анъанаи ҷавонмардиро давом дода истодаанд.

Сиапас дар вазъи тантанавӣ ба писарбачаҳо туҳфаҳо супорида шуда, хатнасурро санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи марғуби консертӣ идома доданд. Волидайн Мадина Исобоева, Гулфиза Авдиева, Онаҷон Юсупова, Умеда Мираҳмадова, Гуландом Абдураҳмонова барои дастгирӣ ва ғамхориҳо ба Пешвои миллат арзи сипос намуданд.