zoofirma.ru

Дар ҷамоат, корхонаву муассиса ва идораҳо озмуни «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуда, дар давраи шаҳрии он 13 нафар кадбону иштирок намуданд. Кадбонуи МТМУ №1 созовори ҷойи аввал гардида, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт.

Инчунин озмуни «Арўси наврўзӣ» бо иштироки занону духтарони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ба вуқўъ пайваста, ғолибон бо туҳфаҳои Раиси шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Дар озмунҳои зикршуда ҳамчунин намоиши ҳунарҳои миллӣ ва маҳсули дастранҷи (атласу адрас, сўзанидўзӣ, қуроқдўзӣ, қолинбофӣ ва монанди ин) занону бонувони шаҳр ба маърази тамошо гузошта шуданд.