zoofirma.ru

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии 24-солагии Истиқлолият ҷашни ботантанаи Иди байналмилалии Наврўз-2017 бошукўҳ таҷлил карда шуд. Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдукарим Абдуалимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аюбҷон Раҳматзода аз хаймаҳои наврўзии ҷамоату корхона, ташкилоту муасиссаҳо дидан намуданд.

Дар қисми расмии чорабинӣ сараввал Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдукарим Абдуалимзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аюбҷон Раҳматзода аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сокинони шаҳри Гулистонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврўз табрику муборакбод намуданд.

Роиҷ ба зикр аст, ки дар чорабинии наврўзии шаҳрӣ дар баробари хаймаҳои наврўзии корхонаву муассисаҳо намоиши бозиҳои миллӣ ва оши палави наврўзии хайриявӣ аз ҷониби корхонаҳои ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, Шабакаҳои барқи Суғд, Нерўгоҳи барқи обии “Дўстии халқо”, ҶМТКММ “Апрелевка”, ҶДММ “Фаровон-1”, осоишгоҳи “Шифо” ва ҷамоати шаҳраки Навгарзан ташкил карда шуд. Ҳамзамон, озмунҳои наврўзии “Хаймаи беҳтарини наврўзӣ”, “Дасторхони беҳтарини наврўзӣ”, “Намоиши ҳунарҳои миллӣ”, “Намоиши либоси миллӣ”, “Маликаи Наврӣз-2017”, “Суманаки беҳтарин”, “Намоиши бозиҳои миллӣ”, “Сабзаи беҳтарини наврўзӣ” гузаронида шуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд. Баъдан барномаи адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Наврўзи ҷаҳонӣ муборак” аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр, ансанбли “Бибиҳо”, ансанбли рақсии “Зебо” ва дигар ҳофизони шинохтаи вилоят намоиш дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳракҳо чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз санаҳои 20-24-уми март ботантана ва бо рўҳияи баланди сиёсӣ таҷлил карда шуд. Ҳамзамон, чорабиниҳои тантанавӣ дар Маркази таълимии “Бонки миллӣ”, осоишгоҳи “Баҳористон”, ҶДТКММ “Апрелевка”, муассисаи Коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳр бо шукўҳу шаҳомати хоса гузаронида шуд. Дар маҳаллаву назди биноҳои баландошёна аз ҷониби сокинон пухтани суманаки наврўзӣ ташкил карда шуд.