zoofirma.ru

Дар муассисаи таълимии №14-и Ҷамоати Унҷӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни вилоятии «Шоҳмотбози беҳтарин» гузаронида шуд.

Дар озмуни мазкур ду нафар хонандагони синфҳои 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр Файзуллоев Фаромуз ва Шоҳрӯзи Некрӯз иштирок доштанд. Фаромуз Файзуллоев бо гирифтани ҷойи сеюм сазовор гашта, бо ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд сарфарозонида шуд. «Соҳил» ба Фаромуз музаффариятҳои нав ба нав орзуманд аст.