zoofirma.ru

Тибқи нақшаи нимсолаи кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳр таҳти ин унвон семинари омӯзишӣ дар муассисаи таълимии №14-и маркази шаҳр баргузор гардид.

Омӯзгорони пуртаҷрибаи муассисаи таълимии номбурда дар шаш синфи ибтидоӣ дарсҳои кушоди намунавӣ, соати тарбиявӣ ва маърӯзаҳоро ба самъи иштирокчиёни семинар расониданд. Тазаккур бояд дод, ки 41 нафар омӯзгорони синҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр дар семинар ширкат варзида, дар интиҳо таклифу пешниҳ¬од ва андешаҳои худро нисбати раванди дарсҳо, маърӯзаҳо иброз доштанд.