zoofirma.ru

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 озмуни шаҳрии «Лоиқхонӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони аз 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он иштирок намуданд.

Чорабинии адабию бадеӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, дар кори он намояндагони китобхонаи марказонидашудаи шаҳрӣ ширкат варзида баромад намуданд. Иштирокчиён тибқи шартҳои пешниҳодшуда қувваозмоӣ намуда, аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.

 

Баррасии натиҷаи озмун нишон дод, ки толибилми МТМУ №8 Дилноза Пўлодова сазовори ҷойи аввал, хонандаи синфи 10-и МТМУ-и №1 Ф.Азизова ҷои дуюм ва иштирокчӣ аз гимназияи №1 мавқеи сеюмро ишғол карданд

Иштирокчиён бо як маҳорати хоса ашъори баландғояву баландпояи шоирро қироату таҳлил намуда, диққати аҳли толорро ба худ ҷалб намуданд. Шеъри шоири шаҳиру равоншод қалбҳои кўчаки ташнагони шеърро тасхир намуда, ҳисси дўст доштани Модар, Ватан, забон, ваҳдату ягонагӣ ва амсоли инро дар қалби ин наврасон бедор кардааст.