zoofirma.ru

Дар маҷлисгоҳи бахши муҳити зист Пленуми навбатии Шўорои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр доир гардид. Дар он масъалаи «Дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнат дар тарбияи ватандўстии ҷавонон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин мавзўъ раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат Муҳаммадҷон Файзуллоев маърўза намуда, доир ба корҳои зиёди мушаххас оид ба раванди тарбияи ватандўстона, мулоқоту вохўриҳои собиқадорони ҷангу меҳнат бо толибилмон маърўза намуд. Дар музокира собиқадорон Музаффар Бобоҷонов, Абдурасул Қодиров иштирок карданд. Дар кори Пленуми Шўрои собиқадорон раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Муҳсин Раҳимов ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода иштирок ва баромад намуданд.