zoofirma.ru

Дар шаҳраки Адрасмон бошад ҷашни Иди Ғалаба дар Боғи Ғалабаи тармиму таъмира ва азнавсозӣ шуда баргузор гардида, лавҳаи хотиравӣ бо акси 69 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вазъи тантанавӣ ифтитоҳ гардид.

Дар тантанахои идона намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзодаро ба ифтихори Рўзи Ғалаба ба адрасмониён манзур намуд. Санъаткорони хонаи маданияти «Дўстӣ» ва мактабиёни шаҳрак барномаи адабӣ-бадеии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст»-ро манзури сокинони шаҳрак намуданд. Роиҷ ба зикр аст, ки дар азнавсозии Боғи Ғалаба ва бунёди лавҳаи хотиравӣ сарвари КДБХК-и шаҳрак Ҳамид Турсунов, кормандони ҶСК «КМА» Татяна Климова ва Оятулло Абдураҳимов саҳмгузорӣ кардаанд.