zoofirma.ru

Ба ифтихори Соли ҷавонон ва таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии ҷавонони маркази шаҳр, шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо дар кўчаи марказии Истиқлоли Гулистон баргузор гардид. Дар роҳпаймоӣ варзишгарон, гирандагони стипендияҳои президентӣ, раиси шаҳр, кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, ҷавонони ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Сирдарё, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, корхонаҳои «Қолинҳои Қайроққум», ҶДТКММ «Апрелевка», Шабакаҳои барқи Суғд, Нерўгоҳи барқи обӣ, намояндагони ҶДММ осоишгоҳи «Баҳористон», КВД осоишгоҳи «Шифо», кормандони соҳаи тандурустӣ, муҳассилини МТҒ Коллеҷи тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, ТҶҶ «Созандагони Ватан» беш аз се ҳазор нафар бо шиору хитобаҳои идона иштирок намуданд.

Тантанаҳои идона дар майдони назди Кохи фарҳангии «Истиқлол» идома ёфт. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Карим Шариф ҷавонони гулситониро аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ шодбош намуд. Раиси шаҳри Гулситон Матлубахон Амонзода зимни суханронии хеш зикр кард, ки имрўз ҷавонони шаҳри Гулистон беш аз  27 дарсади теъдоди сокинонро ташкил дода, бо рўҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият бурда, дар ҳамаи чорабиниҳову маъракаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва маърифативу варзишӣ саҳми назаррас ва нақши боризи худро гузошта истодаанд.

 

Тазаккур гардид, ки алҳол  851 нафар ҷавонони гулистонӣ  дар донишгоҳҳои олии вилоят, беш аз 50 нафар дар муассисаҳои олии берун аз кишвар ва зиёда аз 80 нафар дар донишгоҳҳои олии пойтахти мамлакатамон аз рўи  ихтисосҳои мухталиф таҳсил доранд. Дар самти варзиш низ дастоварди ҷавонони гулистонӣ хурсандиовар мебошанд. Дар давоми панҷ моҳи соли равон варзишгарони шаҳр дар 9 мусобиқаҳои  вилоятӣ, 4 мусобиқаҳои  ҷумҳуриявӣ, 1 мусобиқаи байналмилалӣ ва 2 чемпионати Осиё иштирок намуда, дар маҷмўъ зиёда аз 386 медал ба даст оварданд.

Дар интиҳо санъаткорони бахши фарҳанг барномаи марғуби консертиро таҳти унвони “Ҳоло ки ман ҷавонам дунё пур аз ҷавонист...” манзури тамошобинони сершумор намуданд.