zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Конференсияи ХХI ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гашт. Дар Конференсия аз 35 ташкилотҳои ибтидоӣ 120 вакил, инчунин намояндагони дигар аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва роҳбарони корхонаву муассиса ва идораҳо ба ҳайси даъватшудагон ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаи Конференсияи ХХI ҲХДТ дар шаҳри Гулистон масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар давраи аз моҳи октябри соли 2014 то моҳи майи соли 2017, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби ҳайати нави Кумиҷроияи шаҳрӣ, интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотӣ ва интихоби вакилон ба Конференсияи ХII ҲХДТ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Доир ба масоили баррасишуда Конфекренсия қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар охир ба 15 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр Стипендияи Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, ба 6 нафар аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и шаҳр сипосномаву туҳфаҳо ва ба 2 нафар аъзои нав билети ҳизбӣ дар вазъи мутантан супорида шуданд.

Дар кори Конференсияи ХХI ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Худи ҳамон рӯз ҷаласаи васеи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон таҳти раёсати муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён баргузор гардид. Дар он масъалаи интихоби раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон мавриди муҳокима қарор гирифт. ҶАМОЛИЁН МУСЛИМАХОН ҒАЙБУЛЛОЗОДА раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон интихоб гардид. Ҳамзамон, ҳайати нави Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ интихоб шуданд.