zoofirma.ru

Дар Китобхонаи бачагонаи шаҳр бо иштироки хонандагон ва омўзгорон конференсия бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар мавзўи «Бачаҳо – ояндаи мо» гузаронида шуд.

Дар он китобдорон доир ба таърихи Рўзи байналмилалии кўдакон маълумот дода, омўзгорон Р.Нишонова, Б.Шарифова, Ш.Қодирова доир ба ин мавзўъ баромад намуданд. Дар толор намоиши китобҳо таҳти унвони «Аз хандаи шумоён гулзор зиндагонӣ» ташкил карда шуд.