zoofirma.ru

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ибтикори вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Турсуной Зокирова дар тарабхонаи «Манижа» барои 150 нафар кўдакон аз оилаҳои ниёзманд дасторхони идона густурда шуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзодаро манзури ҳозирин намуд. Дар охир ба кўдакон аз номи Бунёди шафқати Турсуной Зокирова туҳфаҳои идона супорида шуданд. Санъаткорони бахши фарҳанг барои бачаҳо консертӣ идона манзур карданд.